Slider 01 Slider 99 Slider 99 Slider 99 Slider 05
This is an example of a HTML caption with a link.

Хуш омадед ба сомонаи мо

Шумо тавассути сомонаи мо метавонед бо фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гардида, дастурҳои гуногун, тавсияҳо ва дигар маводи таълимию методиро ба даст оред. Инчунин тавассути ин сомона шумо бо маводи тозатарини таҳия намуддаи Марказ, бо маҷаллаи "Масъалаҳои маориф" ва маҷаллаи бачагонаи "Субҳи умед" метавонед шинос шавед. Навовариҳои соҳаи илму маориф ва навгониҳо дар самти фаъолияти методӣ, шуморо дар сомонаи мазкур интизоранд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саид Нуриддин Саид

Рушди мактабу маориф, болоравии сатҳи касбии омӯзгорону устодон, баланд шудани сатҳи тафаккур, донишу маърифат, ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён ва баҳра бардоштани муҳассилини муассисаҳои таълимӣ аз пешравиҳои илму техникаи замони муосир, пеш аз ҳама ба методика ва роҳу усулҳои пурғановат ва пешрафтаи таълим вобастагӣ дорад. Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти пурзӯр намудани роҳу усулҳои таълим, мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи замони ҳозира, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам ба роҳ монда, дар баланд шудани сатҳи касбии омӯзгорону устодон, сифати донишандӯзии муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ҳифзи муқаддасоти Ватан мусоидат хоҳад намуд Итминони комил дорам, ки ба фаъолият шуруъ намудани Сомонаи Марказ дар фазои иттилоотии кишвар рӯйдоди фараҳбахш буда, дар таъмини саривақтии муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимию методӣ, дастурамалу низомномаҳо ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм мусоидат менамояд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шермаҳмад Ёрмухаммадзода

Ҷорӣ намудани усул ва методҳои пешрафтаи таълим, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таъмин намудани устодон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бо мавод, дастур ва тавсияҳои методӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи самти таълимию методии муассисаҳои таълимӣ, расонидани кӯмаки методӣ ба омӯзгорони ҷавон, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун бо мақсади баланд бардоштани савия ва малакаи касбии кормандони муассисаҳои таълимӣ самти асосии фаъолияти кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Алъон дар ин ҷода дастовард ва муваффақиятҳои Марказ кам нест. Лекин бо вуҷуди ин, кормандон ва мутахассисони Марказ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар самти таъмин намудани устодону омӯзгорон бо мавод ва дастурҳои таълимию методии ҷавобгӯи талаботи замони муосир тамоми дониш ва малакаи худро сарф намоянд. Изҳори боварӣ менамоем, ки омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёну устодони муассисаҳои таълимӣ аз маводи Сомонаи мо фаровон истифода намуда, фикру мулоҳизоти хешро баҳри боз ҳам ҷоннок гардидани фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур хоҳанд намуд.

Хизматрасонӣ

Марказ тасмим гирифтааст,ки дар оянда курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, омӯзиши компютер ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргариро ба роҳ монад

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

Зиёдтар

Истиснодҳо

Мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Дар бораи мо

Муассисаи мазкур дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании ҶТ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккулёфта, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҶТ амалкунанда таъсис дода шудааст.