Низомномаи марказ

Дар Шӯрои методии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «___»_____ ___2015, №_____ тасдиқ карда шудааст

НИЗОМНОМАИ

Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ - 2015

Дар Шӯрои методии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «___»_____ ___2015, №_____ тасдиқ карда шудааст

НИЗОМНОМАИ

Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Муқаррароти умумӣ

1. Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.07.2006, №310 «Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.09.2006, №849 «Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолияти хадамоти таълимию методиро дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ танзим менамояд. 2. Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Марказ) ҳамчун ҷузъи мустақили сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, назорату такмили мазмуну мундариҷаи таълим, расонидани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани маҳорати касби омўзгорон, омўзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, тадбиқи методу усулҳои нави таълим дар раванди таълиму тарбия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон, назорати амалишавии стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ дар тамоми муасиссисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. 3. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодексҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борaи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, Оиннома ва Низомномаи худро ба роҳбарӣ мегирад. 4. Марказ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, фаъолияти худро таҳти роҳбарии вазири маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад ва дар самтҳои фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад. 5.Марказ фаъолияташро дар робитаю ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, мақомоти вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии маориф, кабинетҳои (марказҳои) методии шуъбаҳои маориф, ҳамаи муассисаҳои таълимию тарбиявӣ (муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муасисаҳои тарбиявии томактабӣ ва беруназмактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, вазоратҳо ва дигар муассисаҳои дахлдор ба роҳ мемонад. 6. Марказ ёрии амалии таълимию методиро дар самти такмили мазмуну мундариҷаи таълим, татбиқи усулҳои фаъоли таълим, баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон, беҳтар намудани фаъолияти кабинетҳои методӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба методу усулҳои таълим дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ миёна ва олии касбӣ, марказҳо, академияҳои хурди илмӣ, муассисаҳои таълимие, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсис ёфтаанд, муассисаҳои таълимии вазорату кумитаҳо, маркази ҷумҳуриявии корҳои беруназмактабӣ ва иловагӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, амалӣ мегардонад.

Вазифаҳои марказ:

7. Фароҳам овардани низоми ягонаи ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ. 8. Назорат ва такмил додани сифати кори таълиму тарбия, тайёрии касбии мутахассисон, тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, назорат санҷиш ва омӯзиши ҳолати корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таълимӣ, расонидани ёрии методӣ ба онҳо. 9. Такмил додани маҳорати касбии мутахассисон. тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, таъмин намудани ёрии методӣ ба кори хадамоти методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, кабинетҳои методӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ. 10. Ёрии амалӣ расонидан ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, дар ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия, такмили сифат ва самаранокии фаъолияти таълимию тарбиявии тайёрии касбӣ, комёбиҳои илму техника, таҷрибаи педагогӣ, амалӣ намудани таъминоти комплексии таълимию методӣ, ташхис намудани стандартҳои давлатии таҳсилот. 11. Ташкил низоми хадамоти методии муассисаҳои таълимию тарбиявии ҷумҳурӣ дар раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, системаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ ва ғайра, бо назардошти ислоҳоти соҳаи маориф, шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва хусусиятҳои миллӣ. 12. Омӯзиш ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони ватанию хориҷӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбия ва маҳорати касбии омўзгорон. 13. Ташкил ва мутобиқ намудани кор оид ба такмили мазмуну мундариҷаи таълим, зинаҳои мавҷудаи таҳсилот, иштирок намудан дар таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва такмил додани заминаи таълимию методии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 14. Мураттаб ва паҳн намудани тавсияҳои методӣ, саволномаҳои аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, адабиёти педагогӣ ва дигар аёнияту дастурҳои таълимию методӣ дар самти фаъолияти таълимю методии муассисаҳои таълимӣ. 15. Мутобиқ ва ҳамоҳангсозии корҳои методию таълимӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ. 16. Омӯзиш, назорат ва санҷиши фаъолияти кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва расонидани кумаки методӣ дар ташкили ҷараёни таълиму тарбия . 17. Ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои методӣ, (аз қабили конференсия, хонишҳои педагогӣ, семинару машварат ва ғайраҳо). 18. Таъмини роҳбарии илмию методии фаъoлияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва ташкили худомӯзии кормандони 19. Ба чоп омода намудани дастур, барнома ва воситаҳои таълимию тарбиявӣ барои муассисаҳои таълимӣ. 20. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм омода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва дастурҳои таълимию методӣ. 21. Ширкат варзидан дар санҷишҳои комплексӣ, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, кормандони педагогӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он. 22. Омӯзиш ва паҳн намудани дастовардҳои омӯзгорони пешқадами ватанию хориҷӣ дар самти таълиму тарбия. 23. Таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. 24. Ҳамкорӣ бо садову симо ва дигар расонаҳои иттилоотӣ дар самти ташкил намудани барномаҳои таълимӣ. 25.Ташкил намудани бонки иттилоотӣ оид ба хадамоти методӣ. 26.Роҳбарии ташкилию методии кори хадамоти методӣ дар шароити ислоҳоти маориф, таъмини маводи методӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғайраҳо. 27.Расонидани кӯмаки методӣ дар таҳияи нақшаи солонаи кори кабинетҳои методӣ, иттиҳодия ва шўроҳои методии муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ. 28.Ташкилу рушди хадамоти методии муассисаҳои таълимӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вa дар асоси шартнома ва дархост ба роҳ мондани хадамоти методии пулакӣ. 29.Тақвият ва такмил додани таълими инноватсионӣ ва иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбияи хонандагон. 30. Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаронидани кормандони кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо. 31. Дар асоси хизматрасонии пулакӣ ба роҳ мондани таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ ва дигар дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таълимии ғайридавлатї. 32.Мутобиқ (координатсия) намудани корҳои методии муассисаҳои таълимию тарбиявии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.

Ҳуқуқҳои Марказ

32.Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва вазоратҳои дахлдор дастрас намудани иттилоот ва маълумоти оморӣ аз муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ. 33.Дар асоси шартнома барои кор ба сифати муаллифони маводи таълимию методӣ, китобҳои таълимӣ, барномаҳо ҷалб намудани олимон, омӯзгорони ботаҷриба, мураббиҳои эҷодкор ва дигар мутахассисони касбӣ 34. Машғул гардидан ба фаъолияти даромаднок (фурӯши дастурҳои методӣ, аёниятҳо, барномаҳо ва ғ.) , ки даромади аз ин ҳисоб ба дастомада ба ихтиёри Марказ вогузор гардида, дар тавозуни (баланси) алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад. 35.Бо тавсияи мушовараи Вазорати маориф ва илм ва Шӯрои методии Марказ бо тариқи қарордод чоп намудани дастуру тавсияҳои методӣ, барномаҳо, маҷмӯаҳо, брошюраҳо, матни курси лексияҳо, китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, иловагӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ. 36.Ташкил кардани комиссияҳои экспертӣ оид ба баҳо додан ба сифати китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар маводҳо. 37.Ташкил намудани ҷамъомадҳои гуногуни кормандони соҳаи хадамоти методӣ, омўзгорон ва мураббияҳои муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ. 38. Нашри маводи даврӣ–маҷалла, рӯзнома, адабиёти илмию методӣ ва дар асоси қарордод ба муаллифон додани ҳaққи қалам (гоноpаp) . 39. Харидорӣ намудани китобҳои бадеию таълимӣ, методӣ ва ба poҳ мондани тарҷума ва чопи китобҳо, дастурҳои методӣ, плакатҳо, тавсияномаҳо ва дигар маводи таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ. 40.Марказ метавонад кабинети методӣ, китобхона, маркази компютерӣ, ошхона, чопхона, устохона ва дигар ҷузъҳои сохторӣ дошта бошад.

Ташкили фаъолият

55.Сохтор ва воҳидҳои кории кормандони Марказро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. 56.Марказро директор сарварӣ менамояд, ки ӯ бо фармоиши Вазири маориф ва илм аз ҳисоби мутахассисони дорои унвони илмӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифааш озод карда мешавад. 57.Директори Марказ муовинони худро дорад, ки онҳоро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳоди директор аз ҳисоби мутахассисони дорои унвони илмӣ ва ё дорои таҳсилоти олӣ ва таҷрибаи кории на кам аз 10-солаи педагогию умумӣ ба кор таъйин мекунад. 58.Дар Марказ таҳти раёсати директори он Шӯрои методӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти Шўрои методӣ дар асоси Оиннома, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ба poҳ монда мешавад. 59. Марказ дар сохтори худ шуъбаҳо ва хадамоти ёридиҳанда дорад. 60.Шуъбаҳои Марказ фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Низомномаи мазкур, ки аз тарафи директор дар асоси Оиннома тасдиқ карда мешавад, ташкил мекунанд. Вазифаҳои хизматии мудирони шўъбаҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои Марказро директори Марказ тасдиқ мекунад. 61.Мудирон ва мутахассисони шуъбаҳоро директори Марказ аз ҳисоби шахсоне, ки дорои унвони илмӣ ва ё собиқаи кории на камтар аз 5-солаи педагогӣ мебошанд (ба истиснои мутахассисони ҷавон), ба кор таъйин ва аз кор озод менамояд. 62.Фаъолияти кормандони Марказ мувофиқи дастуруламалҳои вазифаҳои хизматӣ амалӣ мегардад. 63.Кормандони Марказ барои иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар назди директори Марказ масъул буда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳисобот медиҳанд. 64.Дар Марказ ташкилоти ибтидоии ҷамъиятии иттифоқи касаба фаъолият мекунад.

Шӯрои методӣ

65.Мақоми олии роҳбарикунандаи Марказ Шўрои методӣ мебошад. 66. Ба ҳайати раёсати Шӯрои методӣ директор (раиси Шӯро), муовинони директор, мушовир, мудирони шуъбаҳои Марказ, сармутахассис ва мутахассисон, методистони таҷрибадор, намояндагони раёсату шуъбаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллимони эҷодкор ва дигар вазорату идораҳои дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ дошта шомил мешаванд. 67.Теъдод ва ҳайати Шӯрои методии Марказро вазири маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Шӯро масъалаҳоеро баррасӣ ва арзёбӣ мекунад, ки ба салоҳияти Марказ мутобиқанд. Ќарорҳои Шўрои методї бо фармоиши директори Марказ амалӣ карда мешавад. 68.Шӯрои методии Марказ дар ҷаласаҳояш масъалаҳои тайёр намудани тавсияву дастурҳои методӣ, брошюраҳо, матнҳои курси лексияҳо барои мактабҳои олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ, саволномаҳои аттестатсия, тестҳо, нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳо, таҷрибаи пешқадами омўзгорон, таҷриба ва фаъолияти кабинетҳои (марказҳои) методии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои методии марказҳои такмили ихтисоси вилоятҳои ҷумҳурӣ, таҷрибаи педагогии муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ ва дигар маводи методии соҳаи маорифро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ, баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул мекунад. 69. Дар Шӯрои методӣ дар қатори масъалаҳо ҳисоботи директори Марказ ва муовинони ӯ, сармуҳосиб, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисон, лаборантҳо, мудири китобхона, мудирони кабинетҳои (марказҳои) методии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони комиссияҳо, натиҷаи рафт ва ҷамъбасти озмунҳои фаннӣ, натиҷаи сафарҳои хидматӣ оид ба санҷишу кумакҳои методӣ ба кабинетҳои (марказҳои) методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, тарзи ба роҳ мондани хизмати методӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ муҳокима намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди корҳои методӣ оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул мекунад. 70. Шӯрои методӣ, инчунин масъалаҳои ташкилӣ, мустаҳкам намудани пояи моддию техникии Марказ, ҳавасмандгардонии кормандон, фаъолияти молиявию хоҷагӣ, фаъолияти нашркунии мавод ва дигар масъалаҳоро арзёбӣ намуда, нисбати онҳо қарори дахлдор қабул мекунад. 71. Қарори Шӯрои методӣ бо овоздиҳии кушода қабул шуда, хусусияти тавсиявӣ доранд ва бо фармоиши директори Марказ тасдиқ гардида, дар давоми ду ҳафта (15 рӯз) ба роҳбарони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, методӣ, муассисони онҳо ва дигар ташкилоти идоракунии дахлдори соҳаи маориф расонида мешавад. 72. Ҷаласаи Шӯрои методӣ ҳар моҳ як маротиба ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои методӣ гузаронида шуда, қарорҳои он дар сурати гирифтани овози аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро қонунӣ ҳисобида мешавад. 73. Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ: -барои ваколатҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани oнҳo масъул мебошад. -ба фаъолияти умумии Марказ роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад ва раиси Шӯрои методии Марказ мебошад. -вазифаҳои хизматии муовинон, мудирони шуъбаҳо, мушовир ва дигар кормандони Марказро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад. -тибқи қонунгузории амалкунанда, мудирони шӯъбаҳо, мушовир ва дигар кормандони Марказро дар асоси озмун ва ё қарордод ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад; -кормандони Марказро барои дарёфти мукофотҳои coҳaвӣ ва давлатӣ пешниҳод менамояд; -марказро дар тамоми ташкилоту муассисаҳо муаррифӣ менамояд ва аз номи Марказ намояндагӣ мекунад Дар доираи ваколатҳои худ фармоиш медиҳад, қоидаҳо, дастурамалҳо, мeъёpҳo ва дигар маводе, ки иҷрои онҳо барои кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад, ба имзо мерасонад; -оид ба риояи интизоми меҳнат, ҳисоботи молиявӣ ва шартномавӣ шахсан масъул аст; -маблағ ва моликияти Марказро мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонунҳои амалкунандаи Љумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад; -бо муассисаҳо, ташкилот ва шахсони ҷудогона шартномаҳои меҳнатӣ мебандад; -ба Оинномаи Марказ тағйироту иловаҳо ворид карда, ба Шӯрои методии Марказ барои баррасӣ ва барои тасдиқ ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад; -фаъолияти Марказро барои як сол ба нақша мегирад ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; -сохтор ва ҷадвали воҳиди кории кормандони Марказро барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. 47.Дар Марказ ба кор қабул кардани мудирони шуъба, мушовир, сармутахассис, мутахассиси пешбар, мутахассис, лаборант, муҳандис-барномасоз, мудири китобхона бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории амалкунанда cypaт мегирад. 48.Директори Марказ ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус дар асоси шартнома мутахассисонро вобаста ба талаботи истеҳсолӣ ба кор қабул намояд. У.Маблағгузорӣ ва ҳисоби молиявии Марказ 49.Марказ аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ мешавад. Манбаъ ва сарчашмаҳои маблағгузории Марказро пулҳои аз буҷаи давлатӣ ҷудо кардашуда ва маблағҳои суратҳисоби махсус, ки тавассути шартнома, фурӯши маводи методӣ, дастуру барномаҳо, хизмати таълимию методии иловагии пулакӣ ва ғайраҳо ворид мешаванд, ташкил медиҳанд. 50.Марказ ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби даромадҳои ба дастоварда ба кормандон музди иловагӣ, мукофот ва кумаки молиявӣ расонад. 51.Марказ дар ҳаҷми маблағҳои муқарраршудаи буҷет, аз ҳисоби даромадҳои худӣ метавонад теъдоди лозимаи кормандон ва андозаи иловапулии музди меҳнати солонаи онҳоро муайян намуда, аз шаклҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ истифода барад, бо тариқи қарордод ба муаллифону мураттибон ҳаққи қалам дода, адабиёти илмию методӣ, педагогӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маводҳоро чоп намояд.

Қабул ва тасдиқи Низомномаи Марказ

81.Низомномаи Марказ дар Шӯрои методии Марказ баррасӣ ва қабул карда мешавад. 82.Ҳар гуна тағйиру иловаҳое, ки ба Низомнома ворид карда мешавад, дар Шӯрои методии Марказ баррасӣ гардида, тибқи тартиби муқарраргардида қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «30» декабри соли 2015, №31/28 тасдиқ карда шудааст

ALL

Хизматрасонӣ

Марказ тасмим гирифтааст,ки дар оянда курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, омӯзиши компютер ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргариро ба роҳ монад

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

Зиёдтар

Истиснодҳо

Мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Дар бораи мо

Муассисаи мазкур дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании ҶТ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккулёфта, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҶТ амалкунанда таъсис дода шудааст.