Оинномаи Марказ

Шӯрои методии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « »________ 2016, №_____ баррасӣ намудааст

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « » ____________ соли 2017, №_____ тасдиқ карда шудааст

ОИННОМАИ

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ - 2017

Шӯрои методии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « »________ 2016, №_____ баррасӣ намудааст

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз « » ____________ соли 2017, №_____ тасдиқ карда шудааст

ОИННОМАИ

Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Муқаррароти умумӣ

1.Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.07.2006, №310 «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. 2.Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Марказ) дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, назорату такмили мазмуну мундариҷаи таълим, тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккул ёфта, назорати амалишавии стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст. 3.Номи пурраи муассиса бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. -бо забони русӣ: Государственное учреждение «Республиканский учебно - методический центр» при Министерстве образования и науки Республики Таджикистан» 4.Марказ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борaи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќарорҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар раванди фаъолият Оиннома ва Низомнома худро ба роҳбарӣ мегирад. 5.Марказ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ буда, дар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад. 6.Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, аз қайди давлатӣ мегузарад, ҳисобдории мустақил, ҳисобнома, суратҳисобҳои бонкӣ, муҳр, штамп ва варақаи намунаи махсусро соҳиб аст. 7.Марказ соҳиби молу амвол буда, ҳуқуқи аз номи худ қарордод бастан ва дар назди суд даъвогар ё ҷавобгар буданро дорад. 8.Дар Марказ ташкилу фаъолияти сохторҳои ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ қатъиян манъ аст. 9.Марказ тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, метавонад ба иттиҳодияҳои илмию методӣ ва педагогии ҳамсамти худ дар дохил ва хориҷи мамлакат шомил гардад, дар семинару конференсияҳо, хонишҳои педагогӣ, симпозиумҳои илмию методӣ, педагогӣ ва ғайра caҳм гирад ва бо муассисаи ҳамсамти фаъолияташ дар хориҷи наздику дури кишвар созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонад. 10. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш- 50 мебошад.

II. Ҳолати ҳуқуқии Марказ

11.Шакли ташкиливу ҳуқуқии Марказ тибқи моддаи 132-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. 12.Мутобиқи Оинномаи мазкур Марказ метавонад, ки ба фаъолияти даромаднок машғул шавад. Даромад ва амволи аз даромади бадастовардашуда пурра дар ихтиёдории Марказ буда, дар баланси алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад. 13.Марказ ҳуқуқи дорад аз қарзҳои бонкӣ истифода намояд. 14.Марказ метавонад дорои дигар ташкилотҳои мақоми шахси ҳуқуқӣ шавад, филиал таъсис диҳад ва намояндагиҳоро кушояд. 15.Марказ бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизот, асбобу анҷоми таълим ва маводи таълимию методӣ метавонад дар сохтори худ парки технологӣ таъсис диҳад. 16.Марказ дигар ҳуқуқҳоеро, ки барои муассисаҳои давлатӣ муайян шудааст ва ба қонунгузории амалкунанда мухолиф нестанд, доро мебошад. 17.Марказ аз рӯйи уҳдадориҳои худ барои мақсаднок истифода намудани маблағи пулӣ, ки дар баланси мустақили худ нигоҳ медорад, масъул мебошад.

III. Вазифаҳои Марказ

18.Вобаста ба зинаҳои таълим фароҳам овардани низоми босифат ва муассири таълимию методӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ. 19.Назорат ва такмил додани сифати кори таълиму тарбия, тайёрии касбии мутахассисон, тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, назорат, санҷиш ва омӯзиши ҳолати корҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таълимӣ, расонидани ёрии методӣ ба онҳо. 20.Омӯзиш ва расонидан ёрии амалӣ ба муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия, аз худ кардани стандартҳои давлатии таҳсилот, таҳияи ҷадвали дарс, таҳия ва истифодаи самаранок нақшаи таълим ва ҳазми барномаҳои таълимӣ. 21.Ташкил, мутобиқсозӣ ва назорати системаи хадамоти методии муассисаҳои таълимию тарбиявии ҷумҳурӣ бо назардошти ислоҳоти соҳаи маориф, шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва хусусиятҳои миллӣ. 22.Назорати рафти татбиқи нақшаю барномаҳои таълимӣ дар зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва расонидани кумаки методӣ дар ин самт. 23.Омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ташвиқу тарғиб ва паҳн намудани он дар муассисаҳои таълимии кишвар. 24.Ташкил ва мутобиқ намудани фаъолият дар самти такмили мазмуну мундариҷаи таълим дар зинаҳои таҳсилот, иштирок намудан дар таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва такмил додани пояи таълимию методии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 25.Мураттаб ва паҳн намудани тавсияҳои методӣ, саволномаҳои аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, адабиёти педагогӣ ва дигар дaстурҳои таълимию методӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар. 26.Ҳамоҳанг намудани нақша ва дурнамои корҳои методии муассисаҳои таълимию тарбиявии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ. 27.Омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ба кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва ва пешбурди корҳои методӣ. 28.Тайёр намудан ва гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ-методӣ; конференсия, хонишҳои педагогӣ, семинар, озмуну машваратҳо ва ғайра. 29.Нашри китобу дастур, барнома, воситаҳои таълимӣ ва маводи таълимию тарбиявӣ барои муассисаҳои таълимӣ. 30.Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он иштирок кардан дар кори омода намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таълимию методӣ. 31.Дар асоси супориши вазири маориф ва илм ширкат варзидан дар санҷишҳои комплексӣ, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва кормандони педагогӣ. 32.Омӯзиш ва назорати фаъолияти гурӯҳи назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба онҳо. 33.Таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ бо маводи таълимию методӣ ва расонидани ёрии методӣ дар самти ҳуҷҷатнигорӣ. 34.Ҳамкорӣ бо садову симо ва дигар расонаҳои иттилоотӣ дар самти тарғиби дастовардҳои таълимӣ ва таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ. 35.Ба роҳ мондани ҳамкориҳо байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хадамоти методӣ ва рушди минбаъдаи он. 36.Ташкил намудани маҳзани маълумот оид ба хадамоти методӣ. 37.Тартиб додани нақшаи кӯтоҳмyддaт, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати омӯзиши фаъолияти хадамоти методӣ ва таҳияи нақшаи дурнамои рушди хадамоти методӣ дар муасиссаҳои таълимии кишвар, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ. 38.Дар асоси шартнома ба роҳ мондани хизматрасониҳои пулакӣ ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ дар самти расонидани ёрии таълимию методӣ, таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ, стандартҳои тахассусӣ ва ғайра . 39.Расонидани ёрии методӣ ба фаъолияти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва пешниҳоди маводи иттилоотӣ оид ба ҷамъбасти омӯзиши фаъолияти хадамоти методии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. 40.Такмил додани таълими инноватсионӣ ва иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбияи хонандагон. 41.Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз аттестатсия гузаронидани кормандони хадамоти методии раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ. 42.Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ амалӣ кардани дастовардҳои педагогикаи муосир дар самти методикаи таълими фанҳо, ки маҳсуб ба инноватсия, технологияи педагогӣ ва хадамоти методӣ мебошанд. 43.Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумот оид ба вазъи корҳои методӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ.

IV. Ҳуқуқҳои Марказ

44.Ташкил намудани гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиш ва санҷиши вазъи корҳои методӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар аз ҳисоби кормандони Марказ, роҳбарон, мураббиён ва омўзгорони муассиссаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа). 45.Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм дастрас намудани иттилоот ва маълумоти оморӣ аз муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ. 46.Дар асоси шартнома ба сифати муаллифони дастурҳои таълимию методӣ ҷалб намудани ҳайати профессорон, устодони мактабҳои олӣ, олимон, омӯзгорони ботаҷриба ва мураббияҳои эҷодкор. 47.Дар асоси қарордод бо муаллифон чоп намудани дастуру тавсияҳои методӣ, барномаҳо, маҷмӯаҳо, брошюраҳо, матни курси лексияҳо ва дигар маводи таълимию методӣ барои муассиссаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ. 48.Харидорӣ намудани китобҳои бадеию таълимӣ, методӣ ва ба poм мондани тарҷума ва чопи китобҳо, дастурҳои методӣ, плакатҳо, тавсияномаҳо ва дигар маводи таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ. 49.Ташкил кардани комиссияҳои экспертӣ ҷиҳати баҳо додан ба сифати китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ. 50.Ташкили такмили ихтисоси кормандони Марказ дар муассисаҳои такмили ихтисоси ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат. 51.Нашри маводи даврӣ (маҷалла, рӯзнома, адабиёти илмию методӣ ва педагогӣ) барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва дар асоси қарордод ба муаллифон додани ҳаққи қалам (гонорар). 52.Марказ кабинети методӣ, китобхона, маркази компютерӣ, чопхона (типография) ошхона ва дигар ҷузъҳои сохторӣ дошта метавонад.

V. Ташкили фаъолият

53.Сохтор ва воҳидҳои кории кормандони Марказро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. 54.Марказро директор роҳбарӣ менамояд, ки ӯ бо фармоиши вазири маориф ва илм аз ҳисоби мутахассисони дорои унвони илмӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифааш озод карда мешавад. 55.Муовини директори Марказро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси пешниҳоди директор аз ҳисоби мутахассисони дорои унвони илмӣ ва ё дорои таҳсилоти олӣ ва таҷрибаи кории на кам аз 10-солаи педагогӣ, ба вазифа таъйин мекунад. 56.Дар Марказ таҳти раёсати директор Шӯрои методӣ ташкил карда мешавад. Фаъолияти Шӯрои методӣ дар асоси Низомнома, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ба poҳ монда мешавад. 57.Марказ дар сохтори худ шуъбаю бахшҳо ва хадамоти ёридиҳанда дорад. 58.Шуъбаю бахшҳои Марказ фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Марказ ва Оинномаи мазкур, ки аз тарафи вазири маориф ва илм тасдиқ карда мешавад, ба роҳ мемонанд. Вазифаҳои хизматии мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои Марказро директори Марказ тасдиқ мекунад. 59.Мудирон ва мутахассисони шуъбаҳоро директори Марказ аз ҳисоби шахсоне, ки дорои унвони илмӣ ва ё собиқаи кории на камтар аз 5-солаи педагогӣ мебошанд (ба истиснои мутахассисони ҷавон), ба кор таъйин ва аз кор озод менамояд. 60.Фаъолияти кормандони Марказ дар асоси дастуруламали вазифаҳои хизматӣ амалӣ мегардад. 61.Кормандони Марказ барои иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар назди директори Марказ масъул буда, аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳисобот медиҳанд. 62.Дар Марказ ташкилоти ибтидоии ҷамъиятии иттифоқи касаба фаъолият мекунад. 63.Мақоми олии роҳбарикунандаи Марказ Шӯрои методӣ мебошад. 64.Ба ҳайати раёсати Шӯрои методӣ директор (раиси Шӯро), муовини директор, мушовир, мудирони шуъбаҳои Марказ, сармутахассис ва мутахассисон, методистони таҷрибадор, намояндагони раёсату шуъбаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони эҷодкор ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ дошта шомил мешаванд. 65.Теъдод ва ҳайати Шӯрои методии Марказро вазири маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Шӯро масъалаҳоеро баррасӣ ва арзёбӣ мекунад, ки ба ваколати Марказ дохил мешаванд. Ќарорҳои Шӯрои методӣ бо фармоиши директори Марказ амалӣ карда мешавад. 66.Шӯрои методии Марказ дар ҷаласаҳояш масъалаи тайёр намудани тавсияву дастурҳои методӣ, брошюраҳо, матнҳои курси лексияҳо барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ, саволномаҳои аттестатсия, тестҳо, нақшаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳо, таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, таҷриба ва фаъолияти кабинетҳои (марказҳои) методии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, таҷрибаи педагогии муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ ва дигар маводи методии соҳаи маорифро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ, баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул мекунад. 67.Шӯрои методӣ дар қатори масъалаҳои дигар, ҳисоботи директори Марказ ва муовинони ӯ, сармуҳосиб, сардорони шуъбаҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисон, лаборантҳо, мудири китобхона, мудирони кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони комиссияҳо, натиҷаи баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳои фаннӣ, натиҷаи сафарҳои хидматӣ оид ба санҷишу кумакҳои методӣ ба кабинетҳои (марказҳои) методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, тарзи ба роҳ мондани хизмати методӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ муҳокима намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди корҳои методӣ оид ба масъалаҳои муҳокимагардида ҷарорҳои дахлдор ҷабул мекунад. 68.Шӯрои методӣ, инчунин масъалаҳои ташкилӣ, мустаҳкам намудани пояи моддию техникии Марказ, ҳавасмандгардонии кормандон, фаъолияти молиявию хоҷагӣ, фаъолияти нашркунии мавод ва дигар масъалаҳоро арзёбӣ намуда, нисбати онҳо қарори дахлдор қабул мекунад. 69.Қарори Шӯрои методӣ бо овоздиҳии кушода қабул шуда, хусусияти тавсиявӣ доранд ва бо фармоиши директори Марказ тасдиқ гардида, дар давоми ду ҳафта (15 рўз) ба роҳбарони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, методӣ, муассисони онҳо ва дигар ташкилоти идоракунии дахлдори соҳаи маориф расонида мешавад. 70.Ҷаласаи Шӯрои методӣ дар ду моҷ як маротиба ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои методӣ гузаронида шуда, қарорҳои он дар сурати гирифтани овози аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯро қонунӣ ҳисобида мешавад. 71.Директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ: -барои ваколатҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани oнҳo масъул мебошад. -ба фаъолияти умумии Марказ роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад ва раиси Шӯрои методии Марказ мебошад. -вазифаҳои хизматии муовин, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, мушовир ва дигар кормандони Марказро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад. -тибқи қонунгузории амалкунанда, мудирони шуъбаҳо, мушовир ва дигар кормандони Марказро дар асоси озмун ва ё қарордод ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад; -кормандони Марказро барои дарёфти мукофотҳои coҳaвӣ ва давлатӣ пешниҳод менамояд; -Марказро дар тамоми ташкилоту муассисаҳо муаррифӣ менамояд ва аз номи Марказ намояндагӣ мекунад Дар доираи ваколатҳои худ фармоиш медиҳад, қоидаҳо, дастурамалҳо, мeъёpҳo ва дигар маводе, ки иҷрои онҳо барои кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад, ба имзо мерасонад; -дастурамали вазифавии кормандони Марказро тасдиқ намуда, бо шахсони масъул оид ба ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ шартнома ба имзо мерасонад; -маблағ ва моликияти Марказро мувофиқи тартиботи муқарраркардаи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаднок истифода мебарад; -кормандони Марказро дар доираи фонди музди меҳнат ва аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус ҳавасманд намуда, ба онҳо кумакпулӣ ва мукофотпулӣ медиҳад; -дар доираи ваколатҳояш бо муассисаю ташкилот ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартнома мебандад; -ба Оинномаи Марказ тағйироту иловаҳо ворид карда, дар Шӯрои методии Марказ онро барои баррасӣ пешниҳод мекунад ва барои тасдиқ ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд; -фаъолияти Марказро барои нимсолаи аввал ва нимсолаи дуюм ба нақша мегирад ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; -сохтор ва ҷадвали басти кории Марказро барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

VI. Маблағгузорӣ ва ҳисоби молиявии Марказ

72.Манбаи маблағгузории Марказро воситаҳои пулии аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҷудогардида, маблағҳои тавассути шартнома, фурӯши маводи методӣ, дaстурҳо, барномаҳо, хизмати таълимию методии иловагии пулакӣ, ёриҳои башардӯстона, гpaнтҳо ва ғайраҳо воридшуда ташкил медиҳанд. 73.Марказ дар ҳаҷми маблағҳои муқарраршудаи буҷетӣ метавонад теъдоди зарурии кормандон ва андозаи иловапулии музди меҳнати солонаи онҳоро муайян намуда, аз шаклњои гуногуни ҳавасмандкунӣ истифода барад. 74.Марказ ҳуқуқ дорад, ки аз маблағҳои суратҳисоби махсус тавассути шартнома ба таври муваққатӣ ва ё доимӣ барои иҷрои корҳои алоҳида мутахассисонро ба кор қабул намояд, ба кормандони Марказ музди иловагӣ, мукофот ва кумаки молиявӣ расонад. 75.Масрафҳо (сафархарҷӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ, хариди таҷҳизот, лавозимот, таъмири асосӣ ва ҷории бино, хизматрасонӣ ва инкишофи Марказ, иҷорапулӣ ва ғайра) аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва қисман аз маблағҳои суратҳисоби махсуси Марказ пӯшонида мешавад. 76.Марказ маблағҳои суратҳисоби махсусро дар доираи сметаи хароҷот, ки аз тарафи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, сарф менамояд.

VII. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Марказ

77.Марказро бо сабаби тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва мақомаш аз нав ташкил кардан мумкин аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онро бо пешниҳоди муассис боздошта метавонад. 78.Барҳам додани Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин сурат мегирад; - бо пешниҳоди муассис; - бо қарори мақомоти судӣ; - бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

VIII. Ќабул ва тасдиқи Оиномаи Марказ

79.Оиномаи Марказ дар Шӯрои методии Марказ баррасӣ шуда, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 80.Ҳар гуна тағйиру иловаҳое, ки ба Оинома дохил карда мешавад, дар Шӯрои методии Марказ баррасӣ гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

ALL

Хизматрасонӣ

Марказ тасмим гирифтааст,ки дар оянда курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, омӯзиши компютер ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргариро ба роҳ монад

Ҷустуҷӯ

Аксҳо

Зиёдтар

Истиснодҳо

Мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ

Дар бораи мо

Муассисаи мазкур дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании ҶТ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккулёфта, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҶТ амалкунанда таъсис дода шудааст.