Шуъбаи хадамоти методии таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ

  • Акси 03
    Мудири шуъба
    Раҳматуллоев Фарҳод
  • Шуъбаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ чунин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор менамояд:

    • Таҳия ва ташхиси стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
    • Таҳия ва ташхиси нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти бакалавр(рӯзона, ғоибона, фосилавӣ), магистратура, доктори фалсафа PhD (докторантура аз рӯи ихтисос) ва ҳамчунин нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддат;
    • Ташкил ва гузаронидани семинар-машваратҳои дастурдиҳӣ дар самти баландбардории сифати таълим тибқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
    • Таҳия ва пешниҳоди мақола ва дастурҳои таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
    • Баррасӣ ва тақриздиҳии маводи таълимию методӣ;
    • Дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои таҳсилоти олии касбӣ, ибтидої ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштан дар омода намудани ҳуҷҷатҳои таълимию меъёрӣ ва методӣ;
    • Кормандони шуъба дар санҷишҳои комплексӣ, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва кормандони педагогӣ ва дигар чорабиниҳо якҷо бо идораҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тобеи он ширкат меварзанд;
    • Дар омӯзиш ва амалӣ кардани дастовардҳои педагогикаи муосир, методикаи таълими фанҳои таълимӣ ва равоншиносӣ, ки мансуб ба инноватсия, технологияи педагогӣ ва хадамоти методӣ мебошанд, саҳм мегузоранд;
    • Амалигардонии амру фармонҳои асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, фармоиш ва дастуру супоришҳои директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ;
    ALL

    Аксҳо

    Зиёдтар

    Истиснодҳо

    Мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ

    Дар бораи мо

    Муассисаи мазкур дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании ҶТ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккулёфта, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҶТ амалкунанда таъсис дода шудааст.