Шӯъбаи муҳосибот ва банақшагирӣ

  • Акси 03
    Мудири шуъба
    Обидова Саодат
  • Вазифаҳои хизматии кормандони шуъбаи муҳосиботи Марказ

    • Ба ҳисобгирии оқилонаи ташкили ҳисобу китобро, дар асоси механизми ба ҳисобгирии пурраи корҳо, шаклу усуслҳои ба ҳисобгирию ҳисобдориро дар Марказ таъмин намуда, банақшагирӣ ва муҳосиботро мутобиқи қоидаҳои қабулшуда ба роҳ мемонанд. Сари вақт бо дигар ташкилот ва шахсони ҳисобдиҳанда ҳисобу китобро баробар мекунанд;
    • Тадбирҳоеро, ки ба риояи интизоми молиявӣ, равона шудааст, таъмин мекунанд ва барои иҷрон онҳо назорат мебаранд;
    • Маводи Марказро (пул, молу маводи қимматнок, фондҳои асосӣ, гардон ва дигарҳо) сари вақт ва дуруст ба ҳисоб гирифта, ба директори Марказ ҳисоботи солонаро оид ба истифодаи маблағҳои буҷавӣ ва суратҳисоби махсус пешниҳод мекунанд;
    • Интизоми муҳосибот ва хазинавиро амалӣ карда маблағи аз хазинаи бонкӣ гирифтаро мақсаднок истифода бурда, тартиби навиштани чекҳо ва нигоҳдории китобчаҳои чекиро риоя мекунанд ва ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ҳисоботи муқарраршударо месупоранд;
    • Њангоми гузаронидани санҷишҳои молиявӣ аз тарафи мақомоти дахлдор ҳуҷҷатҳои бухгалтериро пешниҳод намуда, барои нодуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва ё додани маълумоти бардурӯғи муҳосибавӣ шахсан ҷавобгар мебошанд;
    • Маблағҳои буҷавӣ ва маблағҳои суратҳисоби махсусро тибқи сметаи хароҷот, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм ва Вазорати молия тасдиқ карда шудааст, мақсаднок ва дар доираи талаботи ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ ба роҳ мемонад ва ҳар 3 моҳ оид ба фаъолияти молиявӣ дар ҷалассаҳои назди директор ҳисобот медиҳад;
    • Маводҳои пулӣ, маводҳои арзишдор ва асосиро сари вақт дар суратҳисобҳои ҳисобдорӣ (бухглтерӣ) ба ҳисоб гирифта, ҳуҷҷатгузории дурусти онро назорат намуда, андозҳои муайяншудаи давлатиро тибқи тартиби муайяншуда пардохт намуда, ҳисоботи аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок ва нархгузории арзиши маҳсулот, кор, хизмат, ҳисобӣ кардани музди меҳнат ва дигар ҳаракатҳои молиявиро назорат ва санҷида баромада, барои дурустии онҳо шахсан ҷавобгар мебошад;
    ALL

    Хизматрасонӣ

    Марказ тасмим гирифтааст,ки дар оянда курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, омӯзиши компютер ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргариро ба роҳ монад

    Ҷустуҷӯ

    Аксҳо

    Зиёдтар

    Истиснодҳо

    Мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ

    Дар бораи мо

    Муассисаи мазкур дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании ҶТ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккулёфта, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҶТ амалкунанда таъсис дода шудааст.