Бахши таҳлил ва назорат

  • Акси 03
    Мудири бахш
    Атаева Мавлуда
  • Вазифаҳои хизматии кормандони бахш:

    • роҳбари умумии бахш ва таҳияи нақшаи кори семоҳа, нимсола, солонаи бахшро ба уҳда дорад;
    • кори бахшро сарвари намуда, ҳамкории зичро бо дигар шуъбаҳои Марказ, шуъбаву раёсатҳои марбутаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон самаранок ба роҳ мемонад;
    • амалишавии ислоҳот, таҷдид ва татбики нақша ва барномаҳои таълими дар кишварҳои тараққи кардаи ҷаҳонро меомузад;
    • ба муассисаҳои таълими Ҷумҳури дар ҷори намудани шаклҳои нави таълиму тарбия ёрии амали мерасонад;
    • дар ташкил намудани раванди хадамоти методи дар шуъбаҳои маориф ёрии амали мерасонад;
    • дархости шуъбаҳои маориф, кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти томактаби ва умумиро ҷиҳати дастрас намудани дастуру маводҳои аттестатсия хатмро таҳия намуда, ба директори Марказ пешниҳод менамояд;
    • дар ташкил ва мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълим бо нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиӣ, инчунин, такмил додани пояи таълимию методии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тољикистон иштирок мекунад;
    • бо мудирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф семинар-машваратҳои дастурдиҳӣ ташкил намуда, дар таъмин намудани дастурумаводҳои методӣ ёрӣ мерасонад;
    • дар тайёр намудан ва гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ-методӣ, конференсияҳо, хонишҳои педагогӣ, семинарҳо, озмунҳо, машваратҳо ва ғайра фаъолона иштирок менамояд;
    • дар таҳияи тақриз, тавсия ва ба чоп омода намудани дастур, барномаҳо, китобҳои тахассусӣ ва воситаҳои таълимию-тарбиявӣ барои ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ иштирок менамояд;
    • дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёри. Ҳуқуқӣ, санҷишҳои комплексӣ, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, кормандони педагогӣ ва дигар чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони раёсату шуъбаҳои Вазоарти маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он иштирок менамояд;
    • мауссисаҳои таълимиро новобаста ба шакли моликият ва тобеияташон бо маводи зарурии таълимию методӣ таъмин менасояд;
    • дар омӯзиш ва амалӣ кардани дастовардҳои педагогикаи муосир, методикаи таълими фанҳо, ки маҳсуб ба инноватсия, технологияи педагогӣ ва хадамоти методӣ мебошад, саҳм мегузорат;
    • дар мушовараҳои сайёри вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи корӣ шомил гардида, масъалаҳои марбутаро баррасӣ мекунад;
    • маҳзани маълумотҳоро оид ба фаъолияти кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омода менамояд;
    • эҳтиёҷоти омӯзгоронро ба маводи таълимию методӣ муаян намуда, ҷиҳати таҳияи дастурҳои таълимию методӣ ба директори Марказ пешниҳод манзур менамояд;
    • оид ба фаъолияти мудирони кабинетҳои методӣ, сатҳи касбӣ ва салоҳияти кори онҳо маълумотномаи таҳлилӣ манзур менамояд;
    • тибқи супориши директори Марказ омӯзиш ва санҷишҳои иловагӣ гузаронида, камбудию норасиҳои мавҷударо дар фаъолияти кормандони Марказ ошкор мекунад;
    • самаранокии фаъолияти кормандони шуъбаҳои Марказро таҳлил намуда, оид ба беҳтар намудани кор ба директори Марказ пешиҳод манзур менамояд;

    Хизматрасонӣ

    Марказ тасмим гирифтааст,ки дар оянда курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, омӯзиши компютер ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргариро ба роҳ монад

    Ҷустуҷӯ

    матн

    мант

    Аксҳо

    Зиёдтар

    Истиснодҳо

    Мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ

    Дар бораи мо

    Муассисаи мазкур дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании ҶТ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккулёфта, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҶТ амалкунанда таъсис дода шудааст.