Бахши муассисаҳои томактабӣ

  • Акси 03
    Мудири бахши томактабӣ
    Офиятхонова Сабоҳат
  • Бахши муассисаҳои таҳсилоти томактабии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ чунин масъалаҳои методии зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳад:

    • баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ татбирҳои зарурӣ меандешад;
    • дар таҳия ва ташхиси Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва татбиқи амалии он дар муассисаҳои таълимии томактабӣ саҳм мегузорад;
    • ба муассисаҳои таълимии томактабии ҷумҳурӣ дар ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълиму тарбия ёрии амалӣ мерасонад;
    • ба кабинети методии шуъбаҳои маориф баҳри рушди муассисаҳои таълимии томактабӣ кумаки методӣ мерасонад;
    • дар мураттабу таҳия намудани дастурҳои таълимОфиятхонова Сабоҳат - методӣ, адабиёти бадеӣ ва дигар дастурҳои ёрирасон барои муассисаҳои таълимии томактабӣ иштирок менамояд;
    • дар таҳия ва нашри мақола ва дастурҳои таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таълимии томактабӣ саҳм мегирад;
    • дар тарғиб, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами мураббии эҷодкору навовар иштирок менамояд;
    • семинар – машваратҳои дастурдиҳӣ бо мудирон, сармураббиён, мураббиён ва омӯзгор - мураббиёнро баргузор менамояд;
    • дар ташкил ва кушодани Маркази инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тавсияҳои методии судманд медиҳад;
    • тибқи талаботи Низомнома ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигории Маркази инкишофи кӯдаконро назорат менамояд ва баҳри беҳтар ба роҳ мондани коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории онҳо маслиҳати методӣ медиҳад;
    • кори омӯзгор - мураббии Маркази инкишофи кӯдаконро назорат намуда, дастуру тавсияҳо медиҳад;
    • дар ҷо ба ҷо гузории гӯшаҳои омӯзишии тавсияшудаи Барномаи тарбиявӣ – таълимии Маркази инкишофи кӯдакон ба омӯзгор - мураббӣ маслиҳатҳо медиҳад ва дар ин самт ба онҳо ёрии амалӣ мерасонад;
    • барои фароҳам овардани шароити корӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва Марказҳои инкишофи кӯдакон бо ҳамкории падару модарон машваратҳои судманд ва барои пешрафти фаъолияти онҳо дастуру тавсияҳо медиҳад.
    ALL

    Хизматрасонӣ

    Марказ тасмим гирифтааст,ки дар оянда курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитоӣ, омӯзиши компютер ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбҳои коргариро ба роҳ монад

    Ҷустуҷӯ

    Аксҳо

    Зиёдтар

    Истиснодҳо

    Мо дар сомонаҳои иҷтимоӣ

    Дар бораи мо

    Муассисаи мазкур дар системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи зерсохтор буда, дар асоси моддаи 52-и Кодекси граждании ҶТ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, такмили мазмуну мундариҷаи таълим ва тақвият додани ёрии амалии таълимию методӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тарбияи шахсияти аз ҷиҳати касбият ташаккулёфта, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ҶТ амалкунанда таъсис дода шудааст.